РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 104 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд

Бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 майи соли 2023 гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоди 104 нафар (29 оила), ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат мебошанд, тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе  нафарони ба Ватан баргардонида шударо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Бо дархости ҷониби Қазоқистонӣ, ҳамчунин панҷ шаҳрванди ин кишвар (як зан ва чор фарзанди ӯ) низ аз Сурия бароварда шуданд.

Раванди баргардонидани тоҷикистониёне, ки дар лагерҳои гурезагони Ироқу Сурия қарор доранд ҳанӯз се сол қабл бо дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда буд. Дар ин муддат Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Сурия ҷиҳати амалисозии ин иқдоми башардӯстона ба натиҷаҳои амалӣ даст ёфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram