РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид

22 майи соли 2023 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр чорабинии идона ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, гирандагони Стипендияи Президентӣ, гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр, ҷавонони касбу кори гуногун, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва дигар сокинону меҳмонони шаҳр баргузор карда шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба ифтихори Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, кулли ҷавонони саодатманди шаҳрро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, барояшон бахту иқболи нек ва саодати рӯзгорро таманно намуд.

Сипас, аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва овозхонони машҳури вилоят барномаи рангини фарҳангӣ манзури иштирокчиёни чорабинӣ карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram