Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаи идонаи адабӣ-маърифатӣ, сиёсӣ-фарҳангӣ, иттилоотӣ-тарғиботӣ, илмӣ-инноватсионӣ таҳти унвони «Як рӯзи ҷавонӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, омӯзгорону кормандон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш дастовардҳои омӯзгорону кормандони донишгоҳ ба намоиш гузошта шуд, ки меҳмонон ва ҳозирин аз он дидан карданд.
Тазаккур дода шуд, ки мақсад аз таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон — татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва эҷодиву маърифатӣ гузаронидани ин сана мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳ аз ҷониби шуъбаи кор бо ҷавонон якчанд чорабинӣ дар сатҳи баланд амалӣ гардид. Аз ҷумла, 7 мусобиқаи варзишӣ, 2 озмуни фарҳангӣ, 2 озмуни илмӣ-маърифатӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар асоси дастури ректори донишгоҳ ва нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар байни донишҷӯдухтарон ва донишҷӯписарони факултаҳо мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои «Футболи хурд», «Бандкашӣ», «Турниккашӣ», «Шашка», «Волейбол», озмуни мақолаи беҳтарин байни донишҷӯёни факултаҳо таҳти унвони «Тоҷикистон сарзамини ҷавонӣ ва ҷавонон аст» баргузор гардид. Дар вазъияти тантанавӣ ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои пулию хотиравии раёсати донишгоҳ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар ин барномаи рангини фарҳангӣ омӯзгорону кормандон ва ҷавонони фаъол, ки дар корҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳо, фаъолияти пурсамари педагогӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва эҳсоси худшиносии ҷавонон давоми сол иштироки фаъолона доштанд, дар вазъияти тантанавӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои донишгоҳ ва Кумита қадрдонӣ шуданд.