РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муносибати «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» чорабинии идона доир гардид

22 майи соли 2023 дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов — шаҳраки Меҳробод ба муносибати ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон раҳпаймоӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и ноҳияи мазкур хабар доданд.

Дар он ҷавонон, хонандагон, омӯзгорон, варзишгарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуда, дар даст шиорҳои «Поянда бод Истиқлоли Тоҷикистон!», «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат», «Тоҷикистон, ба пеш!» ва «Зинда бод Тоҷикистони азиз!» аз назди варзишгоҳи марказии ноҳия то назди саҳни қасри фарҳанги ноҳия райпаймоӣ доир гардид.

Сипас, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ бо паёми табрикии худ баромад намуда, кулли ҷавонони ноҳияро бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, барояшон сарбаландиву комёбӣ, бурдбориву саодатмандӣ ва мувафаққиятҳои пайваста дар кору пайкорашон таманно намуданд.

Қайд гардид, ки дар заминаи тадбирҳои судманди дастгирии сиёсатии давлатии ҷавонон ҳамасола дар кишвари азизамон 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Баъд суханронии раиси ноҳия, дар вазъи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба як қатор ҷавонони фаъол барои ҳамкориҳои судманд ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир аз тарафи аҳли фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram