РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Русия дар соҳаи кайҳоншиносӣ ҳамкорӣ мекунанд

Ҳукумати Русия тарҳи созишномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кардааст, таъкид шудааст дар дастури нашркардаи девон.

Бар асоси ин санад, Девони вазирони Федератсияи Русия ба корпоратсияи давлатии бахши кайҳон, «Роскосмос» дастур дод, ки пас аз баррасӣ созишномаро имзо кунад.

Тарҳи мазкур марбути ҳамкорӣ «дар сохаи тадқик ва ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани фазои кайҳон» дахл дорад.

Дар ҳуҷҷат омадааст, лоиҳаи «Роскосмос», ки бо Вазорати корҳои хориҷии Русия ва дигар мақомоти дахлдор мувофиқа карда шудаст, ҷонибдорӣ карда шавад.

Девони вазирон «Роскосмос»-ро муваззаф кардааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, созишномаи мазкурро аз номи ҳукумати Федератсияи Русия имзо кунад.

Қаблан хабар дода шуд, ки Академияи миллии улуми Тоҷикистон ва «Роскосмос» тарҳи созишномаи ҳамкорӣ дар бахши кайҳонро омода мекунанд

Таъкид шудааст, ки санади мазкур қариб 10 самти кори муштаракро дар бар мегирад, ки таҳқиқи кайҳон бо аҳдофи осоишта, омодасозии мутахассисону назорати Заминро фаро мегирад.

Маврид ба зикр аст, ки феълан яке аз маҷмааҳои муосиру муассири ҷаҳонӣ дар бахши кайҳон — «Окно» дар Тоҷикистон дар ихтиёри Русия қарор дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram