РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд. Бахшида ба Рӯзи ҷавонон​ роҳпаймоии идона баргузор шуд

23 майи соли 2023 дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Тантанаҳои идона бо роҳпаймоии ҷавонони фаъоли вилоят оғоз ёфта, иштирокдорони раҳпаймоӣ аз назди Маҷмаии таърихию фарҳангии «Истиқлол» то макони баргузории ҳамоиши идона — назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳаракат намуданд.

Воқеан, ҷавонон ҳамчун нерўи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа, дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон мавқеи муҳим доранд. Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, стратегияву барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, квота ва ҷоизаҳои Президентӣ барои ҷавонон, роҳандозӣ гардидани иқдомҳои шоиста дар самти дастгирии ҳамешагии ташаббусҳои неку наҷиби ҷавонони соҳибистеъдод ва амсоли инҳо шаҳодати равшани гуфтаҳои болоист.

Маҳз, иродату садоқат ва кӯшишу талошҳои ҷавонпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки иқдомҳои шоистаи ҷавонон ва беҳтарин ташаббусҳои созандаи онҳо пуштибонӣ ёфта, ҷавонони мо муваффақона дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат сарбаландона фаъолият намуда истодаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram