24 майи соли 2023 дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Григорев вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Зимни мулоқот ба таваҷҷуҳи сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон аз маълумоти воридшуда дар бораи бо баҳонаҳои гуногун ба таври оммавӣ боздошт гардидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия расонида шуд. Ҳамзамон зарурати вокуниши якҷоя ба мушкилоти ҷойдошта ва пайдошаванда дар самти муҳоҷират ва аҳамияти андешидани амалҳои ҳамоҳангшуда дар таҳияи тадбирҳои имконпазири муштарак қайд карда шуд.
Дар рафти мулоқот инчунин ҳодисаи субҳи 19 май дар хобгоҳи № 3-и Муассисаи таҳсилоти олии буҷетии федералии давлатии «Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур»-и минтақаи Хабаровски Федератсияи Россия бавуқуъомада, ки зимни он зиёда аз сад донишҷӯи тоҷики муассили донишгоҳи мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия мавриди бозпурсӣ ва муносибати бераҳмона қарор дода шуданд, муфассал баррасӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд.