РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Сабоҳат Қосимова даргузашт

24 май ҳунарпеша ва коргардони театри тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон  Сабоҳат Қосимова дар синни 72-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздиокни марҳум хабар доданд.

Сабоҳат Қосимова 19 ноябри соли 1951 дар деҳаи Ватани ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Соли 1973 шуъбаи актёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар солҳои 1973—1989, 1999—2002 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ва аз 1990 ҳунарпешаи Театри Аҳорун мебошад, чанд соли охир роҳбари бадеии он аст.

Аз беҳтарин нақшҳои офаридаи Сабоҳат Қосимова дар Театри Лоҳутӣ метавон Адиба («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Ҳабиба («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и Сотим Улуғзода), Шараф («Корвони бахт»-и Мирсаид Миршакар), Неля («Бозиҳои бераҳмона»-и А. Арбузов), Мадлена («Тӯдаи риёкорон»-и М. Булгаков) ва ғайраро ном бурд.

Дар Театри «Аҳорун» нақшҳои Зулайхо («Юсуфи гумгашта…»-и Ҷомӣ), Карделия («Шоҳ Лир»-и Шекспир), Ширинкор («Шоҳ Фаридун»-и Фирдавсӣ) ва ғайраро бо маҳорати баланд бозидааст.

Сабоҳат Қосимова дар ҳайати Театри «Аҳорун» ба Эрон, Русия, Белгия, Полша, Голландия, Фаронса сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Ӯ ҳамчунин дар зиёда аз 100 намоишу спектаклҳои телевизионӣ нақш бозидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram