РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Riyadh Travel Fair-2023» дар Арабистони Саудӣ муаррифӣ шуд

Шуруъ аз 22 май дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи миллӣ имконияти сайёҳии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Riyadh Travel Fair-2023» муаррифӣ намуда истодаанд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин намоишгоҳ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи миллӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти сайёҳии мамлакатро муаррифӣ доранд.

Намоишгоҳи сайёҳии Riyadh 2023 чорабинии маъруфтарин дар минтақа ба ҳисоб рафта, ҳамчун платформа барои ҷорӣ намудани маҳсулоти туристӣ, хизматрасонӣ ва сармоягузорӣ аз ҷониби бузургтарин ширкатҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон мебошад.

Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯрии ҳайати намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо бахши сайёҳии Арабистони Саудӣ ва сармоягузорони ин кишвар баргузор гардид.

Иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар чунин намоишгоҳҳо дар хориҷи мамлакат, бахусус дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Riyadh Travel Fair» яке аз роҳҳои самараноки ҷалби гардишгарони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Он барои васеъ гаштани ҳамкории ширкатҳои ҷумҳурӣ бо ширкатҳои давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар гӯшаи сайёҳии мамлакат бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram