РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бори аввал дар Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар» баргузор гардид

Дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи лоиҳаи «Мактабҳои 2030» Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар» баргузор шуда истодааст, ки дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои мамлакат, беҳтарин омӯзгорони навовари муассисаҳои таълимии лоиҳавии вилоятҳои Хатлон ва Суғду Бадахшон иштирок доранд. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.

Иштирокдорон ва аъзои ҳакамон аз маҳсули дастранҷи иштирокчиёни озмуни лоиҳаи омӯзгорони навовар дидан намуданд. Лоиҳаи номбурда дар беш аз 100 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ мешавад. Ба озмуни мазкур танҳо 26 омӯзгори фаъолу навовар аз муассисаҳои таълимии фаъолтарин роҳ ёфта тавонистанд.Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили форуми мазкур ин баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва рушди минбаъдаи он, дарёфти омӯзгорони навовару эҷодкор, инчунин дар партави сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо шарикони рушд мебошад.Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Асомуддинзода афзуд, ки аз ҷониби вазорат баҳри рушди соҳа, беҳтар намудани шароиту имконияти корӣ, сифати таҳсилот, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳои мавҷуда ба таври васеъ истифода бурда мешавад.«Ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Мактабҳои 2030» ба рушди касбӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони деҳот мусоидат менамояд, ки он низ аз ҷумлаи тадбирҳои вазорат дар ин самт мебошад»,-афзуд номбурда.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram