Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз шуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Иштирокчиёни номинатсияи рассомӣ ва дизайн ҳунару маҳорати худро пешкаши ҳайати ҳакамон гардониданд.
Мақсади асосии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани фаъолияти фарҳангии ҷавонон, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, рассомӣ ва интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд мебошад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро дар ин озмун тараннуми ватандӯстиву ватанпарварӣ, дастовардҳои замони истиқлол, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллию мероси пурғановати ниёгонамон ташкил медиҳанд. Ҳар иштирокчии озмун ҳангоми ҳунарнамоӣ кӯшиш менамояд, ки ба ҳайати ҳакамон сатҳи касбияти худро нишон дода, ба даври баъдӣ роҳхат гирад.