РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз ёфт

Имрӯз дар Муасисаи давлатии «Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе» бо ҳузури Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» байни муҳассилин оғоз ёфта, давоми се рӯз идома меёбад. Дар ин бора аз Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи озмуни мазкур Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода таъкид намуд, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи таҳсилоти касбӣ равона гардидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз шумораи 242 нафар иштирокчиён аз муассисаҳои таълимӣ 71 нафар, аз ҷумла аз рӯйи ихтисоси Системаи компютери ва Интернет- технология 15 нафар, аз рӯйи ихтисоси Челонгари таъмири (муҳарики) автомобил 19 нафар, аз рӯйи ихтисоси Монтёри барқи оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқи 22 нафар ва аз рӯйи ихтисоси Тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ 15 нафар ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» роҳ ёфтанд.

Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» иштирокчиён аз 35 муассиаҳои таълими шаҳру ноҳияҳо иштироки фаъолона доранд.

Бояд тазаккур дод, ки озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» бо ибтикори роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази таълими-методӣ ва мониторинги сифати таълим» ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гузаронида шуда, ҷиҳати беҳтар кардани сифати таҳсилот ва баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамояд.

Аз натиҷаи ҷамъбасти озмун ва қадрдонии ғолибон иловатан хабар хоҳем дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram