Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” дар доираи “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе”, ки аз 23 май то 1 июни соли 2023 бо қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар пойтахт эълон гардидааст, ҷамъбасти Форуми II навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе ва муаррифии маҷмуаи ҳикояҳо ва шеърҳои эҷоднамудаи иштирокчиёни он таҳти унвони “Килки сабз” баргузор гардид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Сарраёсати маориф, шоирону нависандагон, омӯзгорон ва хонандагони эҷодкори пойтахт ширкат намуданд.
Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба муносибати интишори маҷмуаи дуввуми “Килки сабз” ироа намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки “Таваҷҷуҳ ба адабиёт ва рушди ҳамаҷонибаи он, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва болаёқат дар сиёсати дурнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои муҳим ва бузурги оини давлатдорӣ мубаддал гардидааст.
Таъкид карда шуд, ки Форуми II навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе таҳти номи «Килки сабз» бо мақсади мусоидат дар дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соҳаи адабиёт, ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи эҷоди асарҳои назмию насрӣ аз ҷониби онҳо, дар доираи нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24. 05. 2021, №294 тасдиқ гардидааст соли дуюм аст, ки ташкилу баргузор мегардад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки имсол дар Форуми II навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе беш аз 140 навраси соҳибзавқу соҳибистеъдод ширкат варзида, аз миёни онҳо мавдҳо пешниҳоднамудаи 51 нафарашон ба китоби “Килки сабз” ворид карда шуд.
Мавриди тазаккур дод, ки барои муайян намудани беҳтарин шеъру ҳикояҳои эҷоднамудаи иштирокчиёни Форум дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз ҳисоби адибони маъруфу шинохтаи кишвар гурӯҳи экспертӣ таъсис ёфта, аз тарафи онҳо дарсҳои маҳорат гузаронида шуд, ки дар онҳо эҷодкорони наврас доир ба паҳлӯҳои гуногуни эҷоди назму наср саволу ҷавоб намуда, малакаю маҳорати худро тақвият бахшиданд.