1 июни 2023 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо роҳбари Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Мулугета Зевдӣ бо дархости он ҷониб баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи самтҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷикистон бо UNHCR, аз ҷумла мусоидат ба паноҳандагон ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.
Ҳамчунин, Ф. Салим аз роҳбари Намояндагии UNHCR бинобар ба охир расидани фаъолияти кориаш дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, дар корҳои минбаъдааш муввафақиятҳо таманно кард.