РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров ба Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Тибқи барномаи сафар, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров пешбинӣ шудааст.

Дар доираи ин сафар ҳамчунин имрӯз, 6 июн мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров дар назар аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram