Олими маъруф ва ховаршиноси шинохтаи тоҷик Зафар Мирзоён даргузашт. Дар ин бора пайвандони марҳум хабар доданд.
ҲОЛНОМА
Хатмкардаи факултаи шарқшиносӣ (1972) ва иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1994). Таҳсил дар мактаби миёнаи №1 ноҳ. Ховалинг (1952-1962), донишҷӯ (1967-1972), ассистенти кафедраи форсии факултаи шарқшиносии ДДТ (1972-1973), тарҷумон дар Афғонистон дар коргоҳҳои ҳамкориҳои техникии СССР (1970-1971, 1989-1986), мудири шуъбаи идеологии комитети партиявии ноҳ. Ховалинг (1986-1991), раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Митра» (1991-2003), роҳбари дастгоҳи раиси ш.Кӯлоб (2003-2007). Мирзоев аз ҷумлаи шоҳномашиносони шинохтаи кишвар дониста шудааст.
Ӯ беш аз 10 сол дар ш.Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро сарварӣ намудаст. Ҳамзамон солҳои 2010-2015 дар кафедраи журналистикаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо донишҷӯёни факулта пиромуни мавзӯъҳои «Баёни андеша бо забони тоҷикӣ», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир» дарс ва омӯзиш гузаронидааст. Мирзоев дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмиву публитсистӣ ба интишор расонидааст.
Андешаҳои ӯ то ҳол дар 3 китоб бо унвонҳои «Ҷашни Наврӯз — омили худогоҳии миллии тоҷикон» (Душанбе, 2013), «Ниёиши некон ва покон» (Душанбе, 2014) ва «Худовандагори сухани порсӣ» (Душанбе, 2015) ба табъ расонидааст. Ӯ ҳамчунин раиси бахши минтақаи Кӯлоби Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» буданд.