РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

“Тоҷикфилм” филми мустанади “Тоҷикон”-ро бо се забон ба навор мегирад

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва саҳми тоҷикон дар рушди фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ таҳия ва наворбардории филми мустанади «Тоҷикон»-ро бо коргардонии Рустам Шоазимов оғоз намуда, наворбардорӣ, бандубаст, танзим, садогузориву оҳангсозии филмро идома медиҳад. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Филм бо рақаму далелҳо саҳми миллати тоҷикро дар пайдоиш, рушд ва тавсеаи тамаддуни умумиҷаҳонӣ дар пардаи синамо инъикос намуда, таърих ва фарҳанги оламшумули халқи тоҷикро рӯйи сафҳаи синамо мунаққаш месозад.

Ин филм бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия гардида, таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва нақши тоҷиконро дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ  инъикос менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram