РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Марҳилаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон ва бурсияҳои таҳсилии Белорус оғоз гардид

8-уми июни соли 2023 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур марҳилаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва бурсияҳои таҳсилии Ҷумҳурии Белорус оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия ва директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаьфарзода Сабзалӣ иштирок карданд.

Дар ифтитоҳи озмун аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз ҷумлаи наврасону ҷавонон дар хориҷ ва дохили кишвар пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, барои онҳо шароити мусоид фароҳам меоранд, ки таъсисёбии Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» мисоли он аст.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи аввали озмунро ҷиҳати дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ барои дараҷаи бакалавр Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли тест баргузор мекунад. Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» барои иштирок дар озмун барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ (Ҷумҳурии Белорус) 79 нафар аз рӯи ихтисосҳои зерин ҳуҷҷат супоридаанд:

 агрокимиё ва хокшиносӣ;

 амнияти компютерӣ;

 беҳдошти ветеринарӣ;

 бойгардон;

 геодезӣ ва харитасозӣ;

 дизайнер;

 зеҳни сунъӣ;

 иқтисоди сабз;

 иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи сайёҳӣ;

 иқтисодчӣ;

 информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт;

 кори табобатӣ;

 менеҷмент;

 металлургия;

 меъмор;

 муҳандис-технологи коркарди чарм;

 назорат дар системаи техникӣ;

 ороиши матои нассоҷӣ;

 равоншинос;

 рӯшаноидиҳанда;

 системаи бисёршабакавии телекоммунакатсионӣ;

 системаҳои технологӣ ва информатсионӣ;

 сохтмони гидротехникӣ;

 таҳлилгари бозори меҳнат;

 таҳлилгари молиявӣ;

 таҳрези дар технологияи маҳсулоти дузандагӣ;

 технологияҳои нави нобудсозии партовҳо;

 усулҳои геофизикии ҷустуҷӯй ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок

 ҳифзи экосистемаҳои обӣ;

 экотаҳлилгар дар соҳаи сохтмон.

Марҳилаи дуюми озмунро аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ баргузор менамояд. Ғолибони озмун аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон дар донишгоҳҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон таҳсил хоҳанд кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram