РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд шинос шуд

12 июни соли равон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти беморхонаҳои марказии шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Дар беморхонаҳои мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти шуъбаҳои муассисаҳои номбурда шинос шуда, аз рафти хизматрасонии онҳо дидан кард.

Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода дар муассисаҳои мазкур бо як қатор беморон низ сӯҳбати озоду ошкоро анҷом дода, аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти беморхонаҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram