РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Таҳти унвони “Назарияи мантиқӣ-маърифатии Абунасри Форобӣ” китоби нав нашр шуд

“Назарияи мантиқӣ — маърифатии Абунасри Форобӣ” бо чунин унвон монографияи Баҳманёр Сулаймонӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба нашр расида, дастраси хонандагон гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Муаллифи монографияБаҳманёр Сулаймонӣ андешаҳои барҷастатарин мантиқшиноси асримиёнагии тоҷик — Абунасри Форобиро бо такя ба сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баррасӣ намуда, мубрамияти мавзуоти илмии онро нишон додааст.

  • Ба андешаи ӯ, Форобӣ дар ибтидои фаъолияти илмии хеш ба тарҷума, ташреҳ ва таҳқиқи масоили илмии фалсафаи Юнон пардохт ва дар ин замина, ӯ тавонист бо осори пурғановати хеш – «Оро‘ аҳл ал-мадинат-ул-фозила» («Андешаҳои мардуми шаҳри фарзонагон»), «Китоб-ул-ҳуруф» («Китоби ҳарфҳо»), «Эҳсо-ул-улум» («Таснифи илмҳо»), «Китоб — ул — қиёс» («Силлогизмҳо»), «Ал-ибара» («Доир ба тафсир»), «Ас-суфистиқа» («Доир ба раддияҳои софистӣ»), «Ал-мадхал» («Муқаддима ё Исоғуҷӣ»), «Ал-мақулот» («Категорияҳо»), «Ал-алфоз-ул-мустаъмала фӣ ал — мантиқ» («Лафзҳои истифодашаванда дар мантиқ») таърихи фалсафаи Шарқро ғанӣ гардонад.
Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram