РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе ҳамоиши байналмилалии омӯзишӣ таҳти унвони «Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)» доир мешавад

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ ва илмӣ баргузор намудани Давр (тренинг)-и байналмилалии омӯзишии «CollAsia 2023» дар шаҳри Душанбе бо намояндаи Лоиҳаи мероси манқули Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) Томас Мераз Кастано вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Зимни мулоқот вобаста ба масъалаи ҳамкории Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ табодули андеша сурат гирифт.

Инчунин дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор намудани Давр (тренинг)-и байналмилалии омӯзишӣ таҳти унвони «Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)», ки аз 18 сентябр то 6 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аз ҷумлаи самтҳои мубрами ҳамкории Осорхонаи миллии Тоҷикистону ИККРОМ арзёбӣ гардид.

Баъдан намояндаи ИККРОМ Томас Мераз Кастано аз маҷлисгоҳи мудаввар, лабораторияҳо ва толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намуда, ба ин восита аз ҳолати омодагии ҷониби Тоҷикистон барои баргузории ин чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Маврид ба зикр мебошад, ки дар заминаи сиёсати фарҳангпарварона ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ИККРОМ) гардид.

Дар ин замина Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» тавонист дар муддати кӯтоҳ дар ҳамкорӣ бо ИККРОМ бори нахуст дар қаламрави Осиёи Марказӣ чунин даври байналмилалии омӯзишро дар ҷумҳурӣ ташкил намояд.

Дар ин даври омӯзишӣ, ки дар Осорхонаи миллӣ баргузор мегардад, 16 нафар аз минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором ва 4 нафар аз дигар давлатҳо иштирок менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram