РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Таҳти унвони «Нақши иттилоот дар таъмини амнияти миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид

13 июн дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши иттилоот дар таъмини амнияти миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре таъкид карда шуд, дар шароити феълӣ рушду пешрафт ва ҳатто мавҷудияту бақои давлатҳо ба устувории амнияти иттилоотӣ вобастагии амиқ дорад. Андешаи эътирофшудаи «Асри XXI – асри иттилоот» дорои воқеияти худ буда, идораи иттилоот дар ҷаҳони муосир ва шаклгирии равандҳо дар он аҳамияти ҷиддӣ пайдо намудааст. Таҳлилҳо собит намудаанд, ки ноустувор ва ё заиф будани амнияти иттилоотӣ боис мегардад, ки давлатҳои соҳибистиқлол ва рушдкарда ба майдони моҷаро ва бархурди манфиатҳои қудратҳои муайян табдил ёбанд.

Иштирокчиёни конференсия изҳор доштанд, ки тавре дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 омадааст, воситаҳои ахбори омма яке аз рукнҳои устувори ҷомеаи демократӣ буда, дар меҳвари фаъолияти онҳо инъикоси воқеии ҳаёти соҳаҳои гуногун, бунёди Тоҷикистони навин, баланд бардоштани имиҷи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, роҳандозии ислоҳот дар ҷомеа, ҳифз ва рушди фазои иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва анҷом додани баъзе вазифаҳои муҳим дар бахши таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти солим ва саҳеҳ бояд қарор гиранд.

Тазаккур дод шуд, ки амнияти иттилоотӣ ҳолат ва шароите мебошад, ки ҳар гуна хавфу хатар ба дилхоҳ маълумоти муҳим ва сарнавиштсози ин ё он давлат пешгирӣ ва бартараф карда шуда, дастрасӣ ва таъсиргузории гурӯҳҳои таҳрибкор ва ҷиноятпеша ба маълумот, ҳуҷҷатҳо ва ё афкори омма маҳдуд шудааст. Ҳадаф ва мақсади асосии таъмин намудани амнияти иттилоотӣ дар давлат аз он иборат аст, ки бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва системаи таъмини амнияти иттилоотӣ дилхоҳ хатару таҳдиди воқеӣ, эҳтимолӣ ва имконпазир ба фазои иттилоотии давлат бартараф ва ба ин васила, якпорчагӣ, суботу оромӣ ҳифз ва рушди устувор дар ҷомеа таъмин карда мешавад.

Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳалаи солҳои 2020-2025 рақобатпазир намудани абзорҳои ватании воситаҳои ахбори омма дар шароити ҷомеаи иттилоотиро ниҳоят муҳим шуморида, дар навбати худ масъалаи имиҷсозии давлатро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аз масъалаҳои калидии ҳадафҳои барномавии хеш медонад.

Дар идома ҳозирин оид ба масъалаҳои ҳуқуқии таъмини амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар таъмини амнияти иттилоотӣ маърӯзаҳо намуданд.

Дар интиҳои конференсия як зумра иштирокдорон ва фаъолони ҳизбӣ бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram