РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

“Давлати дунё»-и Гурез Сафар нашр шуд

Китоби Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар бо номи «Давлати дунё» ба дасти хонандагон расид, ки шеърҳо ва ҳикояҳои тозаэҷоди адибро дар бар мегирад. Китоб бо теъдоди 1500 нусха дар Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуда, маҷмуаи бистуякуми Гурез Сафар аст. Он аз шеъру ғазал, рубоиву қитъа, ашъори ҳаҷвӣ ва ҳикояҳои воқеӣ (идомаи «Лутфи Ашӯр Сафар»)-и адиб иборат аст.

Маҷмуа бо сабки хосу тозаҷӯӣ ва тозагӯӣ, содагиву равонӣ ва ҳаҷви нишонрасу лутфи намакин иншо гардида, ҳадаф аз «Давлати дунё» ном гузоштани асарро худи адиб чунин маънидод мекунад:

Давлате дигар намехоҳам,

Давлати дунёи ман шеър аст.

Адиб дар баробари дигар мавзуъҳо, мисли баҳору ёру дӯстӣ, ба имрӯзи ободи Ватан, ба чеҳраи хандони пиру ҷавон ва аз банди дарду ғам озоди онҳо менигарад ва ин ҳамаро аз файзи қудуми Пешвои миллат медонад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram