РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2023» доир мегардад

Рӯзҳои 23 — 24 июн дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нуҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2023» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар доираи баргузории нуҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2023» ташкилу баргузории Форуми соҳибкории ҷавонон, Форуми имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ, ҷаласаи сайёри соҳибкории Тоҷикистону Россия, муҳокимаи панелӣ дар мавзуи «Нақши ниҳодҳои молиявӣ дар рушди иқтисоди минтақа», конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи «Дурнамои рушди туризм дар Роҳи бузурги Абрешим», мизи мудаввар дар мавзуи «Дурнамои рушд ва ҳамкорӣ байни соҳибкорони водии Фарғона» ба нақша гирифта шудааст.

Маросими кушодашавии нуҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2023» 23 июн дар «Варзишгоҳи ба номи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» доир мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram