РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кӯлоб. Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» баргузор гардид

15-уми июни соли равон дар шаҳри Кӯлоб даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» бо иштироки хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони касбу кори гуногун баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Доварони пуртаҷриба доир ба озмуни маскур ба баромадкунандагон саволҳо пешниҳод намуда, беҳтаринҳоро ба даври вилоятӣ роҳхат доданд.

Мирзоева Файзигул — иштирокчии озмун, сокини шаҳри Кӯлоб, ки ба синни мубораки 73 расидааст, дар суҳбат чунин ибрози ақида намуд: Ман бори аввал аст, ки дар чунин озмун иштирок менамоям. Шуғли асоси ман китобхонӣ аст, пайваста китобҳои хонданбобро аз китобхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба номи Садриддин Айнӣ дастрас намуда, мутолиа менамоям. Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади худ иброз медорад, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд таърихи гузаштаи миллату давлати худро донад ва омӯзад. Ман аз рӯи гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат амал намуда, се маротиба китоби «Тоҷикон»-ро хондам. Ин озмун бисёр шаффоф гузашта истодааст ва иштирокчиён низ бе ниҳоят зиёд аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram