РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров чанд санади ҳамкориро имзо карданд

19 июни соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқоти роҳбари мақоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимнан ба рафти иҷрои тавофуқоти сарони давлатҳо оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса сурат гирифт.

Вазирон аз анҷоми раванди музокироти тӯлонӣ доир ба сабти ҳуқуқии амволи ғайриманқули дипломатии ду кишвар, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сафоратҳо ва консулгариҳои генералии Тоҷикистону Русия хидмат хоҳад кард, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Аз натиҷаи мулоқот С. Муҳриддин ва С. Лавров ҳуҷҷатҳои зеринро ба имзо расониданд:

1) Протоколи иловагии №1 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2) Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ.

3) Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram