Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен аз ҷониби соҳибкорон маркази савдои «Спитамен плаза» бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳи маркази савдо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, бо соҳибкорони маҳаллӣ суҳбат кард ва саҳми соҳибкоронро дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки дар маркази савдо нуқтаҳои фурӯши молу маҳсулоти рӯзгор, либосҳои гуногун, ҷиҳоз ва техникаи маишӣ, телефон ва ғайраҳо ҷойгир гардида, барои соҳибкорон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуд.
Раиси вилоят барои ба фурӯш гузоштани маҳсулоти ватанӣ дар нуқтаҳои фурӯши маркази савдо ба муассисони он тавсияҳо дод.
Дар доираи сафар роҳбари вилоят ҳамзамон собиқадори меҳнат Башорат Юсуповаро аёдат карда, ба ӯ тандурустӣ ва хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.