РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар мавзуи “Вазъи кунунӣ ва дурнамои фолклоршиносӣ дар Тоҷикистон” ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2023 дар мавзуи “Вазъи кунунӣ ва дурнамои фолклоршиносӣ дар Тоҷикистон”, ба муносибати 100-солагии фолклоршииоси варзидаи тоҷик, академик Раҷаб Амонов конференсияи илмӣ-иазариявӣ баргузор менамояд. Дар ин бора аз Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузорми конференсия баррасии ҷанбаҳои гуногуни фаъолияту осори академик Раҷаб Амонов (1923 — 2002), ҳамчунин вазъи имрӯза ва рушди минбаъдаи илми фолклоршиноспп тоҷик мебошад.

Дар ҷараёни конференсияи илмӣ мавзуъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:

  • Саҳми академик Р. Амонов дар таъсис ва рушди фолклоршиносии тоҷик:
  • Академик Р. Амонов ва фарҳанги миллӣ:
  • Раҷаб Амонов — нависанда ва адабиётшинос;
  • Вазъм кунунӣ. мушкилот ва дурнамои фолклоршиносии тоҷик;
  • Хусусиятҳом назарии таҳқиқоти фолклоршиносоии тоҷик:
  • Фолклор ҳамчун як бахши мероси фарҳанги ғайримоддӣ.

Дар конференсия иштироки олимони фолклоршинос, фарҳангшиносон, адабиётшиносон, мардумшиносон, устодони донишгоҳҳо ва дигар дӯстдорони адабиёти шифоҳӣ дар назар дошта шудааст.

Забонҳои кори комференсия тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.

Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намоед.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram