РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ДМТ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – омили рушди ҷомеа” чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир шуд

21 июн дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии илмӣ – фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – омили рушди ҷомеа” бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, устодону кормандон ва меҳмонон баргузор гардид. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.

Зимни баромади худ ректори донишгоҳ профессор Хушвахтзода Қобилҷон қайд намуд, ки “ваҳдати миллӣ ба кишварҳое марбут мебошад, ки дар он миллатҳои махталиф баҳри ояндаи босуботи кишвар муташаккилона фаъолият доранд. Раванди сулҳи тоҷикон воқеаи басо беназир ва омӯзанда аст, ки сабақҳои арзишманди он на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он дар саросари ҷаҳон мавриди қабул ва омӯзиш қарор гирифт. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ на танҳо сокинони Тоҷикистонро ба ҳам овард, балки он ба ваҳдати тоҷикони ҷаҳон мусоидат кард. Сулҳу ваҳдати тоҷикон собит намуд, ки дар ҳалли ҳар гуна моҷаро, зиддиятҳои иҷтимоиву гурӯҳӣ ва қавмию миллӣ нақши шахсияти таърихӣ барҷаста аст.”

Дар чорабинии мазкур мушовири калони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Додхудо Шарифзода ва Афзалов Ғайбулло иштирок ва маъруза намуда, вобаста ба нақши Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши забон дар пойдории ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Ансанбли халқии “Наврӯз”-и назди ДМТ барномаи ҳунари пешниҳод гардонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram