РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Филиали Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематографияи Москва дар шаҳри Тошкнад довталабони тоҷикро барои таҳсил даъват мекунад

Дар ҳошияи вохӯрии директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон аз хоҳишмандон ва алоқамандони синамо даъват ба амал оварда шуд, ки агар хоҳиши синамогари ҳирфаӣ ва соҳиби ихтисоси баланди филмбардорӣ шуданро дошта бошанд, дар филиали Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематографияи Москва дар шаҳри Тошкнад мутахассисони соҳаи синамо аз рӯйи ихтисосҳои филмноманавис, коргардони синамо, наворбардори синамо, драматург, ҳунарпеша ва продюсер ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Дониши кофӣ дар бораи раванди филмбардории муосир, донистани давраҳои асосии рушди кинои ҷаҳонӣ ва бо мисоли аёнӣ таҳлили маводҳои филм дар пардаи синамо талаботи дохилшавӣ маҳсуб меёбанд.

Довталабон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, муроҷиат намоянд.

Маълумоти бештарро тавассути сомонаи www.tojikfilm.tj гирифтан мумкин аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram