РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.

Қонунҳо “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи таъмини ченаки ягона” , “Дар бораи алоқаи барқӣ” ва “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, кам кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, сода намудан ва ба таври электронӣ гирифтани ин ҳуҷҷатҳо, таъмини шаффофияти раванди иҷозатдиҳӣ таҳия ва қабул гардидааст. Ба Қонуни номбурда Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда замима гардидааст, ки дар он ҳама намуди фаъолият, ки барои онҳо иҷозат дода мешавад ва маблағҳои пардохтшаванда барои гирифтани ин ҳуҷҷатҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки мувофиқи онҳо амали Қонуни номбурда то якуми январи соли 2024 дароз карда шудааст. Вобаста ба ин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ боз як имконият дода шудааст, ки дороиҳо ва маблағҳои худро то 1 январи соли 2024 қонунӣ гардонанд.

Қонунҳои баимзорасида барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, рушди ҳуҷҷатҳои электронӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи табиат, бунёди ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот нашр карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram