22 июн раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаевро, ки бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2023» ба вилоят омад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Зимни суҳбат тарафҳо омодагии худро барои таҳкими равобити дуҷониба ва муносибатҳои дӯстона изҳор доштанд.
Қайд карда шуд, ки чорабинии сатҳи баланде чун Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2023» имкон медиҳад, ки тарафҳо бо имкониятҳои мавҷудаи якдигар шинос гардида, барои роҳандозии лоиҳаҳои нави иқтисодӣ иқдом намоянд.