23 июн таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Парлумони мамлакат ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ» доир гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки 27 июни соли 1997 дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон рӯйдоди бузурге ба амал омад, ки он дар тақдири минбаъдаи миллат гардиши куллӣ гардид.
Таъкид шуд, ки самараи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат мебошад, ки мардуми мо ваҳдату ягонагиро шиор карда, шаҳди онро мечашанд ва имрўз барои таъмини зиндагии боз ҳам шоиста камари ҳиммат баста, роҳу мактаб, кўдакистону китобхонав, қасру боғҳои фарҳангӣ, шифохона ва манзилҳои хуштарҳи замонавӣ месозанд.
Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд.
Ваҳдати миллӣ асоситарин шарти озодиву истиқлолияти ҳар як давлат буда, муҳаббат, ҳуввият ва шарофату шафоати инсонии шаҳрвандонро таъмин менамояд ва пешрафту тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакатро таҳким мебахшад.
Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш ҳамчунин роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон маъруза намуданд.