РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ оид ба Афғонистон иштирок кард

21 июни соли 2023 намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи Шӯрои амният оид ба масъалаи Афғонистон ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни ҷаласа ширкаткунандагон вазъи кунунии Афғонистонро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба чолишҳои умдаи ин кишвар табодули назар карданд.

Намояндаи доимии кишвар зимни суханронӣ бо мардуми Афғонистон, ки дар вазъияти буҳрони шадиди амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона қарор доранд, ибрози ҳамбастагӣ карда, аз омодагии Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи пешниҳоди зерсохтори худ ба созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии Афғонистон ёдовар шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram