РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак расонида шуд

Ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсулоти хӯрока,  аз ҷумла орд, равғани растанӣ, биринҷ, шакар, макарон ва нахӯд кумак расонида шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

29 июн ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  баргузор гардид.

Роҳбарияти вилоят иштирокчиёни ҷаласаро бо вазъияти офати табиӣ, ки аз 24 то 28 июн дар ҳудуди деҳаи Миденведи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа рух дода, дар натиҷаи он хонаҳои истиқоматӣ ва хоҷагии ноҳия зарар диданд, шинос намуд.

Дар натиҷаи офати табиӣ талафоти чонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҷои ҳодиса комиссияҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода фаъолият дошта, корҳо оид ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ идома доранд ва зарар муайян карда мешавад. Гурӯҳи корӣ ба минтақаи офатзада сафар намуд.


Тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 июни соли равон Гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳти роҳбарии роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иборат аз намояндагони Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Агентии мелиоратсия ва обёрӣ, Агентии гидрометеорология ба минтақаи аз офати табиӣ зарардида сафарбар карда шуд. Ситоди ҷумҳуриявии таъсисдода оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба кор шурӯъ намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram