РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр. «Фарзанди Осиё»-и Раҷабалӣ Қудратзода чоп шуд

Ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода нашриёти «Адиб» китоби рӯзноманигор, муҳаррир ва тарҷумон Раҷабалӣ Қудратзодаро бо номи «Фарзанди Осиё» мунташир намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Китоб, ки аз силсилаи мақолаҳои пурмазмуни муаллиф иборат аст, мероси адабии шоири маҳбубу зиндаёдро барҳақ чун сарвати гаронбаҳои миллати тамаддунсози тоҷик ва ҷузъи эътирофшудаи фарҳанги ҷаҳонӣ арзёбӣ намудааст. Ин комилан дуруст аст, асарҳои устоди каломи бадеъ Мирзо Турсунзода ба 60 забони халқҳои ҷаҳон тарҷума шуда, борҳо бознашр гардидаанд.

Боби аввали китоб чунин зерсарлавҳа дорад: «Устод Мирзо Турсунзода аз нигоҳи Пешвои муаззами миллат». Воқеан, бузургонро бузургон зинда медоранд. Роҳбари давлати тоҷикон аз нақши барҷастаи абармардон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар таърихи асри ХХ – уми халқи куҳанбунёдамон мудом ёдовар мешаванд, ки ин барои насли ҷавон оинаи ибрат буда, дарси хештаншиносист.

Боби мазкур бо чунин суханони ифтихорӣ ва самимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: — «Зиҳӣ Мирзо Турсунзода ва шеъри ҷаҳонгири ӯ», ки муҳтавои китобро ифода менамояд, ҷамъбаст мегардад.

Яке аз бобҳои дигар таҳти унвони «Се ахтари тобон» ба дӯстии устод Мирзо Турсунзода бо ду адиби забардасти дигар – Расул Ғамзатов ва Чингиз Айтматов бахшида шудааст.

Дар муқоваи китоб акси устод ҷой гирифта, дар қисми болои акси шоири ширинкалом кабӯтари сафед, кабӯтари сулҳ парафшонӣ дорад, ки худ як рамзи зебо ва таъкид бар он аст, ки Мирзо Турсунзода қосиди хастанопазири сулҳу ваҳдату дӯстӣ ва ҳамзисти халқҳои тамоми сайёраи мо буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram