Аз 3 то 7 июли соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенсӣ» “Форуми байналмилалии инвеститсионӣ доир ба татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ” ва семинари минтақавӣ оид ба маблағгузории иқлимӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ баргузор мегарданд. Чорабинирҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо Шарикии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC Partnership) ва Котиботи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КҚСММТИ) баргузор мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабиниҳои мазкур иштироки роҳбарият ва намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, шарикони рушд, мақомотҳои ҳифзи муҳити зисти давлатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, Котиботи КҚСММТИ ва NDC Partnership, инчунин вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст.
Дар Форум Нақшаи молиявии татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ, ки бо кумаки техникии Бонки Осиёгии Рушд таҳия гардидааст, муаррифӣ карда мешавад.
Инчунин дар Форум муҳокимаҳо бо роҳбарият ва намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва шарикони рушд оид ба имкониятҳои ҷалби сармоя дар татбиқи ҳуҷҷати мазкур низ пешбинӣ шудааст.
Дар семинари минтақавӣ оид ба маблағгузории иқлимӣ барои давлатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ масъалаи дастрасӣ ба маблағгузории иқлимӣ аз фондҳои махсуси иқлимӣ баррасӣ карда мешавад. Ҳадаф аз семинари мазкур ин баланд бардоштани малакаи намояндагони мақомотҳои соҳавии давлатҳои минтақа дар таҳияи лоиҳаҳо ҷиҳати ҷалби маблағ аз фондҳои махсуси иқлимӣ ва татбиқи онҳо мебошад.
Бояд қайд кард, ки чорабиниҳои мазкур бори нахустин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва метавонад барои баланд бардоштани мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналхалқӣ ва муаррифӣ намудани ташаббусҳои глобалии роҳбарияти олии кишвар доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, инчунин инчунин ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии баланди ҷумҳурӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва ҷалби бештари сармоягузорӣ барои мутобиқ гардонидани соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба тағйирёбии иқлим мусоидат намояд.