РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тоҷикистон ҳавои олудаву пур аз чангу ғубор чанд рӯз боқӣ мемонад

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 30 июн то 2 июли соли 2023 дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хокбориш идома хоҳад ёфт. 3-4 июли соли равон дар қаламрави вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ вазиши шамоли шадид дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои мазкур шамол бо суръати 13-18 метр дар як сония хоҳад вазид. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки дар чунин рӯзҳо дучанд эҳтиёт намоянд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, то 5 июл дар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бар асари об шудани пиряхҳо омадани сел эҳтимол дорад.

Ҳамзамон то 5 июл дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бар асари омилҳои метеорологӣ (чангу хок) олудагии ҳаво бо моддаҳои беруна, ҳиссачаҳо, ки 10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5)-ро ташкил хоҳад дод, дар назар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки дар чунин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд, ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳоро сари вақт тоза намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram