Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи Барномаи “Лоиҳаи устуворгардонии шаҳри Хоруғ” Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ навосзӣ мегардад. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.
Дар ин иншооти варзишӣ баъди азнавсозӣ дар баробари муҳайё сохтани шароит барои бозии футбол, инчунин майдони баскетбол, волейбол, корти теннис ва пайроҳа барои дав низ бо тарҳи муосир омода мегарданд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи нави Варзишгоҳи марказӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба пудратчиёни корҳои сохтмонӣ, ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти варзишӣ дастури мушаххас доданд. Ҳамчунин бобати иваз кардани курсиҳои варзишгоҳ низ ба масъулин супоришҳои иловагӣ дода шуданд.
Дар доираи азнавсозии Вазишгоҳи марказӣ, ҳамзамон 2,8 км кучаи марказии шаҳри Хоруғ чароғон карда мешавад.