Имрӯз, 4 июн таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, сардорони раёсатҳо ва идораву муассисаҳои воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва васоити ахбори умум, ки вакил нестанд, иштирок намуданд.
Нахуст, дар иҷлосия масъалаҳои “Ҳифз ва омӯзиши петроглифҳои Лангари ноҳияи Ишкошим, оташкадаҳои Боғеви ноҳияи Шуғнон ва ёдгории археологии “Южбок” — и қалъаи Ҷирӯҷи Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа”, “Рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2006, №1775 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ”, “Пешниҳод дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 14 декабри соли 2022, № 138 “Дар бораи буҷети маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои соли 2023 ва таъмини иҷрои он дар соли 2021” бо мақсади ба танзим даровардани мусоидати молиявии (субвенсия) дар доираи буҷети вилоят дар соли 2023” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Инчунин, дар ҷараёни иҷлосия ахборот дар бораи қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ахбороти Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ оид ба номгузорӣ, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурӯдгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ шунида шуда, қарорҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар байни иҷлосияҳои сездаҳум ва чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қабул гардидаанд, тасдиқ шуданд.
Вобаста ба масъалаҳои зикргардида мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров Шоинбеков Аловиддин, сардорони Кумитаи идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Диловар Насуллобеков, Сарраёсати молияи вилоят Вафобекзод Хурсанд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Ниятбеков Ғолиб ва мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси вилоят Мискинов Фарид баромад намуданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахашон Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни баррасии масъалаҳои иҷлосия таваҷҷуҳи вакилони халқро ба ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, аз нав барқарор намудани мавзеъҳои таърихӣ, ташвиқу тарғиби маконҳои сайёҳӣ ба хотири ҷалб ҷаҳонгардон ба минтақа ҷалб намуд.
Зикр гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи кишоварзӣ, ин истифодаи дуруст ва самараноки ҳар як ваҷаб замин мебошад. Дар ин замина, дар чандин ҷаласаҳои ҳукуматӣ ба мақсади таъмини амнияти озӯқаворӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи истифодаи ҳар як ваҷаб заминро муҳим ва саривақтӣ маънидод намуданд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба қабули дурусти қарорҳо дар масъалаи истифодаи оқилонаи замин пурсон шуда, барои минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳои замин супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои замини ками кишоварзӣ буда, аз гардиши кишоварзи берун намондани тамоми заминҳои корам бояд ҳамеша зери назари раисони шаҳру ноҳияҳо қарор дошта бошад. Дар росто, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва масъулини Кумитаи замини вилоят вазифадор гардиданд, ки дар солҳои минбаъда барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои зери алафи бегона ва боир тадбирҳои судманд андешанд.