РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафари “Корвони китоб” дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб оғоз шуд

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва расонидани кумакҳо ҷиҳати мукаммалгардонии захираҳои китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр, дар доираи баргузории озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ аз 4 то 7 июли соли 2023 сафари “Корвони китоб” дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб шурӯъ шуд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Сафари “Корвони китоб” тавассути Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб”-и Вазорати фарҳанг амалӣ гардида, дар маҷмӯъ 48 номгӯ китоб, наздики 3 000 нусха ба 142 китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла ба ноҳияҳои Данғара, Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб ройгон супорида мешаванд.

Ба китобхонаҳои минтақаи Кӯлоб китобҳои тозанашри адибони классику муосир аз қабили китобҳои бадеӣ, соҳавӣ, донишномаҳо ва адабиёти бачагона тақдим мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram