РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ — АМАЛИ ДАСТҶАМЪОНА

Яке аз хатарҳои дигаре, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Дар замонҳои қадим ин амал ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда маънидод шуда, дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Ин зуҳурот решаҳои хеле қадимӣ дошта, мутаассифона, имрӯз мисли экстремизм ва терроризм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст.

Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида, тавозуни он низ аз байн меравад.

Ҳукумати кишвар низ коррупсияро яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва унсури таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии давлат арзёбӣ намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намудааст.

Давлату Ҳукумат пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида, баҳри амалӣ намудани он якчанд санадҳои меъёрӣ‐ҳуқуқӣ ва дар асоси онҳо барномаҳои давлатӣ қабул намудааст.

Дар ин раванд пайдарпай қабул гардидани санадҳои умумидавлатӣ ба монанди «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008‐2012» , «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013‐2020» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштаанд.

Боиси зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент » низ дар асоси санади қабулгардида «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» нақша‐чорабиниҳо ба тасвиб расонида, оид ба пешгирии ин зуҳуроти номатлуб чорабиниҳои гуногун, аз қабили суҳбатҳо, мизҳои гирд ва вохӯриҳо бо иштироки намояндаи шуъбаи минтақавии РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон баргузор менамояд.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша таъқид менамоянд: «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад».

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа боз ҳам хубтар ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Зебинисо ПӮЛОТОВА,

корманди осорхонаи

ба номи А.Рӯдакӣ,

шаҳри Панҷакент

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram