РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Россия муколама сурат гирифт

Дар доираи рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Россия” форум баргузор гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Дар кори форум намояндагони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва осорхонаҳои машҳури Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иброҳимзода Зафаршо директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар суханронии хеш нахуст ташрифи меҳмононро ба ин махзани осори ниёкони тоҷикон хуш омадед гуфта, баъдан зикр намуд, ки “Бешубҳа, дар шароити муосир дар ҳалли масъалаи ҳифзу эҳёи анъанаҳои фарҳангии ҳар як халқу миллат осорхонаҳо мақоми хосаеро ишғол мекунанд. Ин натанҳо ба сабаби оне аст, ки онҳо махзани мероси моддию маънавии ниёгони мардуми ин ё он минтақа мебошанд, балки фаъолияти онҳо ба оммаи мардум нигаронида шудаанд. Инчунин осорхонаҳо дар самти тарбия намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва амсоли инҳо нақши муассир доранд”.

Дар идомаи форум Зотов В.Б. – директори Муассисаи давлатии “Галереяи давлатии рассомии Россия”, Старостина О.В., ходими илмии дараҷаи пешбари Осорхонаи кишваршиносии Россия, Полидоветс Н.И. – сардори хадамоти сиёсати иттилоотӣ, васоити ахбори омма ва робита бо ҷомеаи Осорхона-мамнуъгоҳи Псков, Сергей Л. – мутахассиси пешбари шуъбаи лоиҳаҳои байнисоҳавии Осорхонаи давлатии санъати тасвирии ба номи А.С. Пушкин дар мавзуъҳои “Ихтиёриён дар осорхона, корҳои намоишӣ”, “Тарғиби коллексияҳои мардумшиносӣ”, “Ҳифзи мероси фарҳангӣ”, “Барномаҳои фарогир ва кӯдакона” бо рунамо суханронӣ намуданд.

Маврид ба зикр мебошад, ки фардо низ форум кори худро идома дода, дар он дигар мавзуъҳои муҳими соҳаи осорхонашиносӣ ва роҳҳои рушди ҳамкориҳо миёни осорхонаҳои ду кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram