РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон консерти пианинанавози машҳури Русия Денис Матсуев баргузор мешавад

Имрӯз дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  консерти пианинанавози машҳур, Ҳунарпешаи халқии Русия Денис Матсуев баргузор  мешавад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, консерти ин ҳунарпеша соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати 64-нафараи ҳунармандони Русия аз 6 то 11 июл барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд пешниҳод менамоянд.

Ҳунармандони бомаҳорати Русия дар ҳайати пианинанавози машҳур, Ҳунарпешаи халқии Русия Денис Матсуев, Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» –и Ҷумҳурии Адигея дар ин рӯзҳо бо барномаҳои ҷолибу диданӣ хотири тамошобинонро болида мегардонанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram