6 июли соли 2023 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Вена мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо муовини мудири кулли Созмони рушди саноати СММ (UNIDO) хонум Фату Ҳайдара баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва UNIDO дар самти ҳифзи муҳити зист табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими алоқаҳои минбаъда баён намуданд.