РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Баҳодур Шерализода бо муовини мудири кулли Созмони рушди саноати СММ Фату Ҳайдара мулоқот кард

6 июли соли 2023 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Вена мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо муовини мудири кулли Созмони рушди саноати СММ (UNIDO) хонум Фату Ҳайдара баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва UNIDO дар самти ҳифзи муҳити зист табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими алоқаҳои минбаъда баён намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram