РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон расман ифтитоҳ шуд

Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 7 июли соли ҷорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо иштироки Муовини Сарвазири мамлакат Саттороён Матлубахон, муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Надежда Александровна Преподобная, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, намояндагони корпуси дипломатӣ, аҳли фарҳангу ҳунар баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.

Нахуст Муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон ташрифи меҳмононро ба ҷумҳурӣ хайрамақдам гуфта, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Россияро дар Тоҷикистон падидаи беназиру фараҳбахши фарҳангӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон, муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Надежда Александровна Преподобная зимни суханронии хеш ҷиҳати истиқболу пазироии гарму самимона ва меҳмоннавозии хоси тоҷикона ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ кард ва меҳрномаи Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Ольга Борисовна Любимоваро ба аҳли фарҳанги мамлакат қироат кард.

Сипас, дар фазои тантанавӣ барномаи ҷолиби ҳунарии пианинанавози машҳур, Ҳунарманди халқии Россия Денис Матсуев манзури аҳли нишаст гардид.

Ҳунарманд бо маҳорати баланди эҷодӣ оҳангҳои классикӣ ва ҷазро дар сози пианино пешкаши аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат гардонид, ки ҳозирин бо кафкӯбиҳои бардавом баромади ҳунармандро истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, рӯзи 9 июл соати 18.00 дар Театри давлатии Академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ барномаи ҳунарии Ансамбли давлатии академии рақси халқии “Налмэс” –и Ҷумҳурии Адигея баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram