РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба ноҳияи Айнӣ расид

10-уми июли соли 2023 корвони «Модарони ваҳдатсаро» аз шаҳру навоҳии кишвар вориди ноҳияи Айнӣ гардид. Дар маросими истиқболи меҳмонон Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд Хоҷазода Хуршеда ва дигар фаъолон иштирок намуданд. Дар ин бора аз МИҲД-и Айнӣ хабар доданд.

“Модарони ваҳдатсаро”-ро дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироӣ намуданд. Ҳадаф аз сафарбаршавии корвони “Модарони ваҳдатсаро” ин пеш аз ҳама таҳкими пояҳои сулҳу оромӣ, боз ҳам муттаҳид намудани халқ, якдиливу якмаромӣ буда, инчунин баҳри пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби ҷомеа, пошхӯрии оилаҳо, хурофот ва терроризму экстремизм мусоидат менамояд.

Пас аз пазироии меҳмонон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси тантанавӣ бо иштироки васеи меҳмонон, занони фаъоли ноҳия ва кормандони ташкилоту муассисаҳо доир гардид. Дар маҷлис Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба нақши занон дар пешрафти ҷомеа маълумоти муфассал дод. Қайд карда шуд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия баланд бардоштани нақши занон ба маротиб афзуда, сафи занони коргар сол то сол зиёд гардида истодааст. Ҳамзамон фаро гирифтани духтарон ба зинаи сеюми таҳсил дар деҳоти дурдасти ноҳия дар ҳоли афзоиш аст. Гуфта шуд, ки ин ҳама пешравиҳо аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан – модар гувоҳӣ медиҳад. Зеро, имрӯз зан дар мақоме қарор дорад, ки дар ҳеҷ давру замон чунин ҷойгоҳи баланду эҳтиром ва ғамхорӣ насибаш нагардида буд.

Баъдан, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд Хоҷазода Хуршеда доир ба нақши занон дар пойдории сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа ва иҷроиши Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ҳифз ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои беназири миллату давлат-Ваҳдату Истиқлол, сулҳу субот, амнияти миллӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташкил ва гузаронида мешавад. Ҳайати занону бонувони фаъоли ҷомеа, мутахассисони соҳаи кор бо занон ва оила, намояндагони дигар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 70 ҷамоати деҳот ва 34 қисмҳои сарҳадию низомии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.

Гурӯҳҳои занони фаъол дар ин мулоқотҳо дар бораи дастовардҳои истиқлолӣ, сулҳу ваҳдат ва дӯст доштани Ватану хизмати содиқона кардан ба миллату давлат суҳбат хоҳанд кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram