РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода дар иди ҷумҳуриявии «Купале»-и Беларус иштирок кард

8-9 июли соли 2023 сафари кории Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ба вилояти Могилев ҷиҳати иштирок дар иди ҷумҳуриявии «Купалье» («Александрия дӯстонро ҷамъ меорад»), ки ҳамасола бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баргузор мегардад, ширкат варзид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.

Дар доираи чорабинӣ Б.Сафарзода аз мавзеъҳои ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Беларус дидан намуда, бо экспозитсияи мактаби миёнаи «Малая Радзима»-и Александрия, ки Президент дар он таҳсил мекард, шинос шуда, ҳамзамон консерти идона ва дигар чорабинихои ҷашни «Купалье»-ро дидан кард.

Дар ҷараёни сафари зикршуда ҳамчунин вохӯрии Сафир бо ҳамватанон ва намояндагони ҷамъияти тоҷикони муқими вилояти Могилев доир шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram