РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар мулоқот масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор баррасӣ шуд

12 июли соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо директори Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (CARICC) Атагелди Язлиев, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории тарафайн ва дурнамои рушди онҳоро дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, фаъолияти Марказ, аз ҷумла гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативӣ ва табодули иттилоот мавриди муҳокима қарор доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram